Аз фисбӯк насиб ҷон амони, рӯҳнома негори тоҷики👇 …Дастаи миллии футболи Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии ۲۰۱۸ Русия роҳ ёфт

Аз фисбӯк насиб ҷон амони, рӯҳнома негори тоҷики👇


Дастаи миллии футболи Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия роҳ ёфт.
Ҳамин чанд лаҳза пеш дастаи миллии Эрон дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон дастаи миллии Ӯзбакистонро бо ҳисоби 2 бар сифр шикаст дод ва бо 20 имтиёз пас аз Русия ва Брозил сеюмин кишваре гардид, ки ба бузургтарин мусобиқоти ҷаҳонӣ роҳ пайдо кард. Дар ин бозӣ Сардор Озмун ва Маҳдии Торамӣ ду гол зада пирӯзии дастаи хешро таъмин карданд. Сардор Озмунро, ки Мессии Эрон мехонанд, беҳтарин бозикуни ин бозӣ эълом карданд. Гӯяндаи эронӣ баробари арҷгузорӣ аз бозии бемонанди дастаи миллии кишвараш ҳамчунин бозии хуби меҳмонон -- футболбозони Ӯзбакистонро низ ситоиш кард.
Шоёни зикр аст, ки шогирдони Карлос Кируш дар 8 бозӣ ягон гол нахӯрданд ва ҳамчунин онҳо боз ду бозии дигар доранд, ки ин бозиҳо барои Эрон чун бозиҳои ташрифотӣ хоҳад буд.
Мо футболбозон ва ҳамаи мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг ва бо мо бародари Эронро бо ин пирӯзии бузург шодбош мегӯем ва орзу дорем, ки онҳо дар Ҷоми ҷаҳонии 2н018 Русия низ ба комёбиҳои бузург даст хоҳанд ёфт. Ба дастаи миллии кишвари ҳамсояамон Ӯзбакистон ҳам дар ду бозии боқимонда барор мехоҳем.
Ҳамчунин бисёр мехоҳем, ки рӯзе бирасад, ки дастаи миллии Тоҷикистони азиз низ аз комёбиҳои бародарони эронӣ рӯҳу тавони тоза гирифта, дар ояндаи наздик чун дастаи Эрон ба чунин пирӯзиҳо хоҳанд расид.
Бори дигар пирӯзӣ муборак, эй Эрони бузург!

@loversofiran